- газ
- I[گز]асоси замони ҳозира аз газиданII[گز]1. воҳиди андозагирии дарозӣ, ки дар давлатҳои Осиёи Миёна пеш аз гузаштан ба системаи метрӣ барои масофа ба 106, 68 см ва барои матоъ ба 61 см баробар буд2. олати чӯбӣ ё филизӣ барои паймоиш, ки ба дарозии як газ буд; газ кардан чен кардан андоза гирифтан◊ гази чизеро кӯтоҳ кардан а) ба чизе хотима додан, чизеро зуд анҷом додан; б) чизеро қатъ кардан; пеши чизеро гирифтан; дами чизеро гардонида суст карданIII[گز]бот. авлоди растаниҳои асосан буттагии худрӯи сурхчӯби сахт, ки дар ҷангалҳои соҳили дарё, заминҳои шӯру санглох ва кӯҳу биёбон мерӯяндIV[گز]1. хим. ҳолати ҳавомонанди модда, ки ҳаҷм ва шакли муайяне надорад ва дар фазо мисли бухор паҳн мешавад2. сӯзишвории газмонанд, ки барои сӯхтан, равшан ва гарм кардан ва ғ. истифода бурда мешавад; гази табиӣ гази аз кон истихроҷшуда3. хим. моддаи заҳролудкунанда, ки дар ҷангҳо барои нобуд кардани аскарони душман истифода мекунанд ва он навъҳои гуногун дорад: гази атсаовар, гази ашковар, гази буғикунанда, гази заҳрнок ва ғ. ; газ додан // газро зер кардан миқдори гардиши муҳаррикро афзуда, суръати рафти автомошинаро тезониданV[گز]боф. навъи матои абрешимии тунук, ҳарир: рӯймол(ча)-и газ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.